Абдуғани

Abdughani

Дар бозори марказӣ матоъ мефурушад. Дар соли 2001 ӯ қарзи аввалинашро гиритааст – $500. Он вақт танҳо як мағозаи хурд дошт, ки дар он якҷоя бо додарш савдо мекард. сатҳи зиндагияш душвор буд. Вай як хонаи ду хуҷрагӣ дошт ва додараш хонаи як хуҷрагӣ.

Вай мегӯяд: “Вақте, ки ман фаъолияти худро бо шумо оғоз кардам, Худованд ба ман баракат дод. Корҳо хуб шуданд. Ҳозир бошад, ман соҳиби хонаи чаҳор хуҷраги ҳастам ва бародарам бошад соҳиби хонаи бо се хуҷра мебошад. Ҳардуямон боз ҳам яктогӣ автомашина дорем. Ман аз фаъоллият бо ташкилоти шумо хело ҳам шод ҳастам. Ба шумо ташаккури зиёд.” Ҳозир бошад Абдуғани ду мағоза дорад, ва қарзи ёздаҳумаш $1700 доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Шуҳратҷон

ShuratjonShuratjon2

Қарз дар $215 барои парвариши помидор гирифтаст.

Вай мегӯяд: “Аллакай 3 сол аст, ки ман мизоҷи ташкилоти шумо мебошам. Фикр мекунам, ки ин ташкилоте аст, ки дуруст ва боваринок фаъолият мекунад. Ба ман маъқул аст, ки барои кормандони ташкилот мизоҷон дар ҷои аввал ҳастанд. Одатан дар давоми 2-3 рӯз метавонем маблағро дастрас кунем. Ин он чизе ки бештар ба ман маъқул аст. Шароити зиндагиам хело ҳам хуб шуд. Аз ҳосили  соли ҷорӣ ман $2200 доллари ИМА даромади тоза ба даст овардам ва мехоҳам барои худ хона созам.”