Таърих
Furuz фаъолияти қарздиҳии худро соли 1999 бо барномаи “Тараққиёти бизнеси хурд“ оғоз намудааст. Бо афзоиши давомнок, ташкилоти хайрияи Амриқоии "Милленниум Хизматрасониҳои Ёрӣ ва Тараққиёт" Furuz-ро ҳамчун ҶДММ ба қайд гирифтааст. Бо гирифтани иҷозатнома барои амалиёти қарздиҳӣ моҳи марти соли 2006, Furuz фаоълияти худро шурӯъ намуд.
28 – уми марти соли 2022, ташкилот соҳиби иҷозатномаи таҳти рақами 0000150 барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пулли миллӣ ва асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки Милии Тоҷикистон гашт ва фаъолияти худро ҳамчун Ташкилоти амонатии қарзии хурд давом дод.
Рисолат
Расонидани хизматҳои молиявии бехтарин барои рушди устувор ва дарозмуддати Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба бизнеси хурд ва фарогирии молиявӣ.
Нишондиҳандаҳои фаъолияти Ташкилот
Furuz ба соҳибкорон беш аз 75 000 адад қарз бо маблағи зиёда аз 630 миллион Сомонӣ пешниҳод кардааст. Зиёда аз 8 000 нафар занон қарз гирифтанд.
15 000 мизоҷони соҳибкор 20 000 ҷойи корӣ таъсис доданд. 68 000 аъзоёни оилаҳо аз ин даромади оилавӣ манфиатдор гардиданд. 200 корманд дар 11 марказҳои хизматрасонӣ дар ноҳияҳои марқазӣ ва ҷанубӣ фаъолият доранд ва дар айни ҳол ба 10 000 мизоҷони фаъол бо сандуқи қарзии 190 миллион Сомонӣ хизмат мерасонанд.
Арзишҳои асосӣ
Хизматрасонии беҳтарин:
• росткорӣ ва ростқавлӣ
• мизоҷ дар ҷои аввал
• муомилаи олӣ
• ҳамеша беҳтар шудан
Муҳити кории аъло:
• дастаи муттаҳид
• боварӣ ва ёрии ҳамдигар
• баланси кор ва оила
• ташаббускорӣ
