Furuz - Кредитный специалист

Кредитный специалист | р.Дж.Балхи

Ташкилоти қарзии хурди Фуруз фаъолияти худро соли 1999 дар доираи барномаи «Рушди соҳибкории хурд»-и Ташкилоти хайриявии Миллениум оғоз кардааст. Баъдан соли 2006 пас аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, Фуруз худро хамчун Ташкилоти қарзии хурд ба қайд гирифтааст. Соли 2022 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Фуруз соҳиби Иҷозатнома (лицензия) барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардид.

Муассисони ташкилот шаҳрвандони Сингапур, Олмон, Швейтсария ва ИМА мебошанд. Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва дар ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Рудакӣ фаъолият доранд.

 

Вазифаи кор:

• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимоли, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;

• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;

• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;

• Аз болои фаъолияти соҳибкории мизоҷон назорат бурдан ва маслиҳат додан оид ба ҳисобу китоб, нақшакашии тиҷорат ва муносибати ба одоб нисбат ба тиҷорати худ.

 

 

Талабот:

• Маълумоти миёна (ё олӣ);

• Тасавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;

• На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;

• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;

• Тавонистан кор бо компютер (Excel, Word).

 

Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро ба Саридораи ТАҚХ “Фурӯз” дар шаҳри Бохтар, кучаи Айнӣ 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.

 

Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 7272.