Furuz - Начальник отдела внутреннего аудита/

Начальник отдела внутреннего аудита/ | Сардори шуъбаи аудити дохила

        Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «Фуруз» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. Фуруз аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи Фуруз додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «Фуруз» зиёда аз 150 корманд дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8 то марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.

Ҷойи корӣ барои ин вазифа дар ш.Бохтар аст, мо инчунин довталабонро аз ш.Душанбе низ бо имконияти 1-2 рузи корӣ дар ш.Бохтар ва дигар рузҳо дар ш.Душанбе қабул мекунем.

 

Вазифаҳои асосӣ:

  • Идоракунии самараноки фаъолияти аудити дохила;
  • Назорати доимии дастаи аудити дохилӣ ва назорати он, ки захираҳои аудити дохилӣ кофӣ ва самараноканд барои ноил шудан ба нақшаи тасдиқшуда;
  • Пешниҳоди тавсияҳои дахлдори аудиторӣ, таҳлил ва хулосаҳо барои мусоидат намудан ба самаранокии амалиёти ва таҳкими системаи назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳои Фурӯз дар тамоми фаъолияти Ташкилот;
  • Таҳияи принсипҳо, амалияҳо ва стандартҳои аудити дохили мутобиқи стандартҳои байналмилалии таҷрибаи касбии аудити дохилӣ (IIA) ва мутобиқат намудани тамоми фаъолияти аудити дохилӣ ба он стандартҳо;
  • Таҳияи методологияи мувофиқ ва самараноки барномаи зидди қаллобӣ, ифшо ва арзёбии хавфи аудити дохилӣ ва давра ба давра нав кардани онҳо;
  • Таъмин намудани гузориши саривақтӣ ва самаранок оид ба мушоҳидаҳо ва фаъолиятҳои аудити дохилӣ, қаллобии эҳтимолӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба назорати дохилӣ, идоракунии хавфҳо ва идоракунии корпоративӣ ба Кумитаи аудит ва Роҳбарият.

 

Талабот:

  • Маълумоти олӣ дар ҳама гуна соҳа, дар соҳаи идоракунии соҳибкорӣ, менеҷмент, молия ё муҳосибӣ бартарӣ дода мешавад;
  • Дорандаи CIA, CFE, CPA, ACCA, CIPA ва ғ. афзалият дода мешавад;
  • Таҷрибаи касбии на камтар аз 4 сол дар ташкилоти молиявӣ дар соҳаи аудит, идоракунии хавфҳо, назорати дохилӣ, шӯъбаи қарзӣ ё дигар таҷрибаи бонкии дахлдор бо таҷрибаи роҳбарикунии на камтар аз 1-2 сол;
  • Малакаҳои хуби консептуалию истодагарӣ ва малакаҳои муоширати қавӣ ва/ё қобилияти муоширати самаранок бо Шӯрои Нозирон ва Раёсат;
  • Дониши хуби методологияи аудити дохилӣ, идоракунии лоиҳаҳои аудит, хавфҳо ва назорат бартарӣ дода мешавад;
  • Тайёр будан ба сафарҳои хизматӣ, зеро ин вазифа сафарҳои мунтазамро дар филиалҳо ё берун аз кишвар талаб мекунад;
  • Дониши озодонаи тоҷикӣ, донистани забонҳои англисӣ;
  • Маҳорати олии таҳлилӣ ва синтезӣ.

 

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии хурд “Фуруз”  дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.

 

Телефон барои маълумот: 988-35-08-48,

 

Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ  ба суҳбат даъват карда мешаванд.