Furuz - Референт

Референт | р.Восеъ

Ташкилоти қарзии хурди Фуруз фаъолияти худро соли 1999 дар доираи барномаи «Рушди соҳибкории хурд»-и Ташкилоти хайриявии Миллениум оғоз кардааст. Баъдан соли 2006 пас аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, Фуруз худро хамчун Ташкилоти қарзии хурд ба қайд гирифтааст. Соли 2022 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Фуруз соҳиби Иҷозатнома (лицензия) барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардид.

Муассисони ташкилот шаҳрвандони Сингапур, Олмон, Швейтсария ва ИМА мебошанд. Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва дар ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Рудакӣ фаъолият доранд.

 

Вазифаи кор:

 

• Қабули мизоҷон дар нуқтаи хизматрасонӣ;

• Шинос кардани мизоҷон бо шартҳои қарздиҳӣ;

• Пур кардани дархостҳои қарзии мизоҷон ва дигар хуҷҷатҳои лозима;

• Омода намудани шартномаи қарзӣ.

 

Талабот:

 

• Маълумоти миёна (ё олӣ);

• Таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун афзалиятнок шуморида мешавад;

• Донистани забони тоҷикӣ (русӣ ва узбекӣ афзалиятнок шуморида мешавад);

• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;

• Малакаи кор бо компютер.

 

Довталабони ҳавасманде,ки таҷрибаи корӣ надоранд вале хоҳиши зиёди омӯзиш карданро доранд, инчунин метавонанд ба ин вазифа хуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

 

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.

 

Телефон барои маълумот: 988 22 02 91; 988 35 08 48.